Пас аз задухӯрд: Тоҷикистону Қирғизистон дар марз майдонҳои варзишӣ месозанд

Обуна шудан
Ҳайати 40 нафараи намояндагони шаҳри Исфара ба вилояти Ботканди Қирғизистон сафар карданд

ДУШАНБЕ, 19 апр— Sputnik. Дар деҳоти наздимарзии Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ва Уч – Добои ноҳияи Боткон майдончаҳои варзишӣ сохта мешаванд, хабар медиҳад равобити умумии вилояти Суғд бо такя ба сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев.

Ба гузориши манбаъ, ҳайати 40 нафараи намояндагони Исфара-раисони ҷамоатҳои деҳоти наздисарҳадӣ, сарварони муассисаҳои хизматрасонӣ, масъулини маорифу тандурустӣ ва фарҳанг ва намояндагони расонаҳо таҳти сарварии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба ноҳияи Боткони Қирғизистон сафар карданд.

Граница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз задухурд дар марз: Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд

Дар ин ҷо бо ширкати намояндагони ду кишвар мизи гирд ташкил шудааст.

Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳокими ноҳияи Боткон Салихов Кениш Каримович гуфтаанд, ки мардуми тоҷику қирғиз тули қарнҳо дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамсоягӣ зиндагонӣ доштаанд ва минбаъд низ ин анъанаи неки гузаштагон идома медиҳанд.

Дар ҷараёни баргузории мизи гирд, ҳамкориҳои фарҳангию-гуманитарӣ баррасӣ шуда, роҳандозии робитаҳои бевоситаи доираҳои илмию эҷодӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва муҳайёсозии шароити ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, варзиш ва сайёҳиро муҳим арзёбӣ шудааст.

"Бо мақсади тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи дӯстиву рафоқат ва тақвиятбахшии ҳамзистии осоиштаи сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ бунёди майдончаҳои муосири варзишӣ дар деҳоти наздисарҳадии Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ва Уч – Добои ноҳияи Боткон ва дар ин замина ташкилу баргузории мусобиқоти варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ мувофиқи мақсад дониста шудааст", — омадааст дар хабарнома.

Пас аз анҷоми мизи гирд, барномаи муштараки фарҳангӣ ва боздид аз мавзейи сайёҳии "Айгул" сурат гирифтааст.

Тибқи нақшаи мувофиқагардида, рӯзҳои наздик баргузории чунин чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ бо ширкати намояндагони ноҳияи Боткони Қирғизистон дар шаҳри Исфара дар назар аст.

Рӯзи 3-юми апрел миёни сокинони Хоҷа-Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Уч-Добои вилояти Ботканди Қирғизистон занозанӣ шудааст. Сабаби ин муноқиша деворе шудааст, ки яке аз сокинони Қирғизистон мехост дар марз, ҷое, ки ҳамагуна сохтмон мамнуъ аст, бисозад.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон задухурд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

Масъалаи аломатгузории марз дар сафари раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон дар моҳи феврал,яке аз муҳимтарин масоил буд.

Лентаи хабарҳо
0