ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Бахтиёр Аҳмадзода муовини раиси ноҳияи Спитамен таъин шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.
"Бо розигии раисҷумҳури Тоҷикистон ва дар асоси қарори раиси ноҳияи Спитамен Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло, ки то ин вақт дар вазифаи сардори раёсати кишоварзии ноҳия фаъолият дошт, муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ таъин карда шуд",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло 28 октябри соли 1975 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 2005 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Номбурда фаъолияти меҳнатиашро баъд аз адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ба ҳайси агроном-энтомологи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии "Андарсой"-и ноҳияи Спитамен оғоз намудааст.
Солҳои 2004-2008 раиси хоҷагии деҳқонии "Тадбиркор"-и ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Андарсой»-и ноҳия, солҳои 2008-2012 раиси ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Андарсой»-и ноҳия ва аз соли 2012 то таъин шудан ба вазифаи муовини раиси ноҳия дар вазифаи сардори раёсати кишоварзии ноҳия фаъолият дошт.
Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд таъиноти кадрӣ сурат гирифта, ду мовини нави раиси шаҳр таъин гардиданд.
Ҳамин тавр, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо розигии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарорҳои хешро ба тавсиб расонд, ки тибқи он Фирӯза Нуруллозода ва Ҷамшед Абдуқаюмзода ба вазифаҳои муовинони раиси шаҳр таъин гардидан.