ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Марзбонони Узбакистон як шаҳрванди Тоҷикистонро барои ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давдатӣ боздошт карданд. Аммо мақомоти Узбакистон дертар муайян кард, ки марди тоҷик сарҳдаро беғаразона убур кардааст.
Тавре намояндаи Кумитаи ҳифзи марзи далвтии Узбакистон хабар медиҳад, ду рӯз пештар марди тоҷикродар ноҳияи Узуни вилояти Сурхандарё барои ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади далвтӣ боздошт карда буданд.
Ба гуфтаи вай, дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки мард бемории равонӣ доштааст ва сарҳадро беғаразона убур кард, а ягон ҳадафи қайриқонуние надоштааст.
"Қарор қабул карда шуд, ки бо ин далел нисбати шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноие боз накарда, ӯро ба мақомоти Тоҷикистон супорем",- таъкид кардааст намояндаи кумита.
Бино бар иттилои манбаъ, кумита дар соли 2015 25 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки беғаразона марзи давлатиро вайрон карда буданд, ба Тоҷикистон бар гардонидааст. "Чунин ҳолатҳо муносибатҳои байни ду кишварро боз ҳам гармтар мекунанд",- афзудааст вай.