Қайд мешавад, ки пас аз ин донишомӯзи 17-сола ин маконро оташ задааст. Каме баъдтар ӯ худро ҳам бо корд захмӣ кардааст.
Аз навор дида мешавад, ки донишомӯзонро аз мактаб берун баровардаанд.
"Дар воқеъ, барои мо хеле воҳиманок буд. Кӯтоҳи гап, кадом як бача бо корд дар даст дар дохили мактаби мо ҳар тараф медавид. Ин замон муаллимаи мо дарро дошта, давон ба даруни синф даромад. Вай аз паси муаллима ба синф даромада, дасти яке аз духтарони ҳамсинфи моро бо кордаш бурид. Пас аз ин, духтари ҳамсинфи мо худро аз ошиёнаи дуввум партофт. Ҳоло мактаби мо оташ гирифтаасту месӯзад. Ҳама гиря мекунанд. Мана оташнишонҳо ҳам омадаанд. Ин вазъ умуман хеле даҳшатовар аст", — мегӯяд шоҳиди ҳол.