Намасте: гардишгарони ҳиндӣ ба Тоҷикистон моянд

© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешКонцерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ "Россия"
Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон гуфтаанд, ки минбаъд Тоҷикистонро ба гардишгарон тавсия медиҳанд

ДУШАНБЕ, 18 апр— Sputnik. Дар Душанбе бо ширкати як қатор ширкатҳои гардишгарии Ҳиндустон мизҳи мудаввар баргузор шудааст, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, президенти Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон (IATO) Пранаб Саркар ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон, бо шумули "Перфект Трейвлз", "Инкрейбл Индия", "Мера трейвлз", "Едванча волд" ширкат кардаанд.

Таджикистан. Памир - Sputnik Тоҷикистон
Бадахшон беҳтарин макони гардишгарӣ дар ҷаҳон шинохта шуд

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистонгуфтааст, имтиёзҳое, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ дар кишвар роҳандозӣ шудаанд, имконияти фарохеро ба соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ фароҳам овардаанд.

Ҷонибҳо аз имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон сухан гуфта, тартиби ҳамкориро дар ин самт баррасӣ намуданд.

Ифтитоҳи хатсайри дуюми ширкати ҳавопаймоии ватании "Тоҷик Эйр" ба самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе ва баргузории форуми намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Ҳиндустон дар шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ нуктаҳои муҳими мулоқоти мазкур будаанд.

Ба гуфтаи президенти ширкати сайёҳии "Перфект трейвлз" Раҷ Баҷаҷ, танҳо соли гузашта 23 млн нафар аз Ҳиндустон ба кишварҳои мухталифи олам ҳамчун сайёҳ сафар кардаанд.

Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Ҳиндустон гуфтаанд, ки минбаъд Тоҷикистонро ба сайёҳон тавсия хоҳанд дод.

Пештар хабар дода шуд, ки намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо президенти ширкати амрикоии "Rovia" (Ровиа) Ҷим Менҷ дидору мулоқот кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0