Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои туркманаш дар чӣ бора суҳбат кард?

© Фото : Аз ВУХСироҷиддин Аслов бо ҳамтои туркманаш дар чӣ бора суҳбат кард?
Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои туркманаш дар чӣ бора суҳбат кард? - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини раиси Девони вазирон- вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Тоҷикистон омадааст

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар ин сафар, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо вазири корӽои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов суҳбат кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.

Гуфта мкешавад, ки дар ин мулоқот, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гардишгарӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарию фарӽангӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудааст.

Ҳамзамон зимни вохӯрӣ табодули ёддоштҳои ратификатсионӣ оид ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон сурат гирифтааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Сироҷиддин Аслов дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот кард.

Лентаи хабарҳо
0