Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

CC0 / Pixels / Ливень, архивное фото
Ливень, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 18 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва боридани борон пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Сильный дождь в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдор аз бориши борони шадид ва жола дар Тоҷикистон: аз 16 то 18

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Ҳарорат шабона дар водиҳо 4-9 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки боронӣ дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорат шабона 4-6 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0