Сандуқи байналмилалии пул ба Бонки миллӣ кӯмак мекунад

© Национальный банк РТПервый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото
Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сандуқи байналмилалии пул омода аст, дар оянда ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ пешниҳод кунад

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Муовини мудири Дафтари бозорҳои пулӣ ва сармояи Сандуқи байналмилалии пул (СБП) Ҷиҳад Алвазир бо Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев мулоқот кард, хабар медиҳад вебгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, намояндаи СБП зимни мулоқот бо муовини якуми раиси Бонки миллӣ гуфтааст, ки омода аст дар оянда ба бонк  кӯмаки техникӣ пешниҳод намояд.  

Ба гуфтаи ӯ,  Бонки миллӣ  барои дастрасӣ ба кӯмаки техникӣ бояд дар  барои бахшҳои мушаххаси низоми бонкӣ ва самтҳои асосии фаъолияти бонк феҳрист тартиб диҳад.  

"Бонки милли бояд феҳристе тартиб дода, тавзеҳ диҳад, ки ба кадом кӯмакҳои техникӣ ниёз дорад.Сандуқи байналмилаӣ баъдибаррасии феҳрист, лоиҳаи кӯмакҳои техникиро таҳия хоҳад кард" — гуфтааст Ҷиҳад Алвазир.

Ҳамчунин Ҷамолиддин Нуралиев хоҳиш кард, ки Сандуқи байналмиллалии пул барои татбиқи барномаҳои муштарак бо Бонки миллӣ мусоидат намояд. Вай инчунин таъкид кард, ки БМТ бештар ба кӯмакҳои техникӣ дар самти татбиқи ислоҳот дар сиёсати пулӣ, аз ҷумла бо истифода аз фишангҳои муосир бо роҳи гузаштан ба ҳадафгирии таваррумӣ ниёз дорад.

Лентаи хабарҳо
0