Чаро ҷангҷӯён аз Сурия ба Осиёи Марказӣ мегурезанд? Посухи коршинос

© REUTERS \ Ahmed SaadПолиция в Ираке на боевом автомобиле во время боев между военными и боевиками ИГИЛ в Мосуле, архивное фото
Полиция в Ираке на боевом автомобиле во время боев между военными и боевиками ИГИЛ в Мосуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тақвияти иқтидори ДОИШ дар Осиёи Марказӣ ба ворид шудани ҷараёни бузурги ҷонибдорони созмонҳои мухталифи тунд ва ифротгароро аз Шарқи Наздик, мусоидат менамояд, мегӯяд фармондеҳи ОНМ Александр Лапин

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тақрибан 10 ҳазор ҷангиён, ки қисми зиёдашонро тарафдорони "Давлати Исломӣ" (мамнуъ дар Тоҷикистон) ташкил медиҳанд, алъон дар қаламрави Афғонистон панаҳ мебаранд, эълом дошт фармондеҳи қушунҳои Округи низомии марказӣ (ОНМ) генерал-лейтенант Александр Лапин.

"Пас аз пароканда кардани ДОИШ, аъзоёни гурӯҳҳои ҷангӣ аз Сурия ва Ироқ ба минтақаҳои дигар мегузаранд. Вале дар айни ҳол, диққати махсуси роҳбарони онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст. Тибқи маълумоти мо, тақрибан 10 ҳазор ҷангҷӯён, ки аксарияти онҳо намояндагони ДОИШ мебошанду хаёли сохтани халифати исломиро дар қаламрави ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам аз сар дур накардаанд, дар Афғонистон мутамарказ шудаанд", - шарҳ дод вай.

Генерал Лапин илова намуд, ки ҷангиёни воридгашта ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, фикр мекунанд, ки «ба ватанашон баргашта, метавонанд бо такя ба аҳолии радикалии маҳаллӣ шӯъбаҳои хобида таъсис диҳанду, ба амалҳои террористӣ даст зананд".

Пештар, як намояндаи Луи Ҷирга дар канали телевизионии Афғонистон гуфта буд, ки ҷангиёни маҷрӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар ҶТ) дар Тоҷикистон табобат мегиранд. Дар ҷавоб ба суоли барандаи телевизиён, ки ӯ чунин маълумотро аз куҷо дорад, вакили Ҷирга эълом кард, ки ба ӯ дар ин бора ҷавонони маҳаллӣ тавассути телефон хабар додаанд.

Тоҷикистон, дар навбати худ, ҳар гуна иттиҳомотро дар робита ба расонидани кумак ба "Толибон" рад мекунад. Борҳо таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо ҳаракати "Толибон" ҳеҷ гуна робита надоштаву надорад, онро ҳеҷ гоҳ на кумаку на дастгирӣ кардааст, вале баъзан дар ВАО ин гуна мавзӯъҳо бо ҳадафи тезутунд кардани вазъиияти ҷумҳурӣ пайдо мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0