Маълум шуд, ки донишомӯзон кай аз Рустам Эмомалӣ стипендия мегиранд

© SputnikШкольники Душанбе
Школьники Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 21 апрел дар маросими махсусе дар Амфитеатр ба хонандагон ва донишҷӯён идрорпулӣ медиҳанд. Маблағи мазкур ба корти ҳар як довталаб мегузарад

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар рӯзи шаҳр талабагону донишҷӯёни аълохони Душанбе идрори раиси шаҳр Рустам Эмомалиро мегиранд, иттилоъ медиҳад ТоҷикТА.

"Дар Рӯзи пойтахт хонандагони мактабҳо ва донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои касбӣ-фаннӣ стипендияи шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалиро хоҳанд гирифт. Ба рӯйхати идроргирандагон 200 талаба ва донишҷӯ шомил гаштаанд. Андозаи идрор — 250 сомонӣ дар як моҳ аст", —  иброз доштанд дар раёсати таълимии пойтахт. 

Маблағҳоро ба кортҳои талабагон интиқол дода, ба донишҷӯён рӯзи 21 апрел дар Амфитеатри Душанбе месупоранд. Ба суратҳисоби корт тамоми идрори соли хониши 2017-2018 интиқол мешавад.

Котҳои бонкиро ба талабагон шояд худи Рустам Эмомалӣ супорад.

Хотиррасон мекунем, ки мири Душанбе Рустам Эмомалӣ 200 идрор, ҳар кадом дар ҳаҷми 250 сомонӣ, барои хонандагон ва донишҷӯёни аълохони мактабҳо ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-фаннӣ таъсис додааст.

Довталабони идрор бояд ба як қатор талабот мувофиқат мекарданд: баҳоҳои аъло, ахлоқи намунавӣ, иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

Лентаи хабарҳо
0