Марди чинӣ дар Душанбе шароби пастсифату ғайриқонунӣ месохт

© Дафтари матбуотии ВУД ҶТМарди чинӣ дар Душанбе шароби пастсифату ғайниқонуннӣ месохт
Марди чинӣ дар Душанбе шароби пастсифату ғайниқонуннӣ месохт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муттаҳам бе шаҳодатномаи бақайдгирӣ фаъолияти соҳибкорӣ намуда, бо роҳи сохтакорӣ ба фиреби истеъмолкунандагон машғул гардидааст

ДУШАНБЕ, 17 апр- Sputnik. Шаробсозии ғайриқонунии марди чинӣ дар Душанбе ошкор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни тафтишоти ахбороти фаврӣ  маълум шуд, кишаҳрванди Чин Чжан Хайлиан дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ манзилеро ба иҷора гирифта, бо роҳи сохтакорӣ ба фиреби истеъмолкунандагон машғул гардидааст.

"Гумонбаршаванда аз моҳи марти соли 2018 бо мақсади ба даст овардани маблағ машруботи спиртӣ бо навиштаҷоти махсус, ки гуё дар Чин истеҳсол шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар муҳити хона бе риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ ва бо истифода аз тамғаи моли ширкати бегона машруботи спиртиро дар зарфҳои махсус ҷойгир намуда, ба фурӯш баровардааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии мазкур 37-адад зарфҳои полиэтилении ғунҷоишаш 5-литра, 2-адад зарфи 20-литра, зиёда аз 600-адад зарфҳои шишагини ғунҷоишашон 0.5 литра ва шумораи хеле зиёди сарпӯши зарфҳо, инчунин тамғаи молӣ бо навиштаҷоти махсус (YANSHNJIO) ва дигар маҳсулотҳои зарурӣ дарёфту мусодира карда шудаанд.

Мувофиқи хулосаи Агентии стандартизатсия ва сертификатсияи нозироти савдо машруботи спиртии мусодирашуда аз рӯи нишондодҳои органолептикӣ (намуди зоҳирӣ, ранг, бӯй ва мазза) ба талаботи меъёрии спирти этилӣ мутобиқ набуда, ба истеъмол тавсия дода намешавад.

Айни замон нисбати гумонбаршуда тибқи талаботи моддаи 32 қисми 3 ва 294 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0