Раҳмон ба Эрон: сиёсати мо "меъёрҳои духӯра" надорад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРаҳмон ба Эрон: сиёсати мо "меъёрҳои духӯя" надорад
Раҳмон ба Эрон: сиёсати мо меъёрҳои духӯя надорад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ҳамчунин бо dазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба суҳбати судманд анҷом додаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Зимни суҳбат ба татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат, кишоварзӣ ва бахшҳои мухталифи робитаҳои фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.

Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид карданд, ки сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар ин ҷода орӣ аз "меъёрҳои духӯра" буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад.

Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки масоили мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ аз қабили терроризму ифротгароӣ ва радикализми динӣ дар сархати чунин сиёсати давлати мо қарор доранд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалиро низ баррасӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0