Дар суҳбат бо радиои Sputnik Молдова сармуҳаррири маҷаллаи "Дифои миллӣ" (Натсионалная оборона) Игор Коротченко қайд намуд, ки Русия ба ин вокуниш ҷавобҳои ҳарбӣ нахоҳад дод.
"Азбаски дар рафти зарбаҳои ҳарбии ИМА, Фаронса ва Бритониё ба хоки Сурия пойгоҳҳои низомии Русия зери ҳамла қарор нагирифтанд, Русия бо нерӯҳои худ ба ин ҷавоб нахоҳад дод. Вале мо ба омӯзиши низомиёни артиши Сурия дар ҷодаи муҳофизати зиддиҳавоӣ кумак хоҳем кард. Ин посухи Русия дар баробари зарбаҳои мушакӣ бояд шавад", — шарҳ дод Коротченко.
Ба гуфти ӯ, мавзуи фаъоли силоҳи кимиёӣ дар Сурия ҳамчун тарзи асосии асосноккунии дахолати низомӣ, ба кор бурда мешавад.
"Бино бар ин, зоҳир аст, ки ИМА, Бритониё, Фаронса ва дар маҷмӯъ иттиҳоди Ғарб фишори худро давом дода, таъкид мекунанд, ки ҳамлаҳои кимиёвӣ вуҷуд дошт ва дар айни ҳол ба анҷом расонидани тафтиши воқеии ин ҳодиса аз ҷониби коршиносон оид ба созмондиҳии мамнуияти силоҳи кимиёвӣ, садд хоҳанд шуд", - иброз дошт коршиноси ҳарбӣ.
Субҳи 14-уми апрел нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, Бритониё ва Фаронса ба иншоотҳои ҳукуматии Сурия зарбаҳои мушакӣ заданд, ки ин иншоот, ба фикри онҳо, барои тавлиди аслиҳаи кимёвӣ истифода мешаванд. Дар кулл ба хоки Сурия зиёда аз 100 мушак сар дода шуд, ки аксари онҳо тавассути нерӯҳои зиддиҳавоӣ нест карда шуданд.
Раисҷумҳури Сурия Башор Асад дар мулоқот бо вакилони парлумони Русия изҳор дошт, ки қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҷовузи ИМА-ро бо мушакҳои солҳои 70-ум рафъ намуданд.