ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Сурия Башшор Асад дар вохӯрӣ бо намояндагони парлумони Русия эълом дошт, ки қувваҳои мусаллаҳи кишвараш таҷовузи ИМА-ро бо мушакҳои солҳои 70-ум пас заданд, гуфт ба хабарнигорон ҳамоҳангсози гурӯҳи Думаи давлатӣ оид ба робитаҳо бо парлумони Сурия, раиси платформаи "Россияи воҳид" Дмитрий Саблин.
"Дирӯз мо таҷовузи амрикоиро дидем ва онро бо мушакҳои солҳои 70-ум пас задем… Аз солҳои 1990 инҷониб, дар филмҳои амрикоӣ нишон медиҳанд, ки аслиҳаи русӣ ақибмондааст, вале мо имрӯз мебинем, ки дар асл кӣ ақибмонда аст", — гуфтаҳои раисҷумҳури Сурияро такрор намуд оқои Саблин.
Ҳайати расмии намояндагони парлумони ФР 11 апрел бо сафари расмӣ ба Сурия омаданд.
Субҳи 14-уми апрел нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, Бритониё ва Фаронса ба иншоотҳои ҳукуматии Сурия зарбаҳои мушакӣ заданд, ки ин иншоот, ба фикри онҳо, барои тавлиди аслиҳаи кимёвӣ истифода мешаванд. Дар кулл ба Сурия зиёда аз 100 мушак сар дода шуд, ки аксари онҳо тавассути нерӯҳои зиддиҳавоӣ нест карда шуданд.