ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон 12 масири автобус мекушоянд, иттилоъ доданд дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
"Автобусҳои мусофирбар сафари худро байни ду кишвар дар аввали моҳи май шурӯъ мекунад. Дар ин ҷода 12 масири муназзам кушода мешавад — ба Тошканд, Самарқанд, Фарғона, Деҳнав, Қӯқанд, Бухоро ва Термиз", — гуфтааст мусоҳиб ба РИА Новости.
Мусофиронро ба шаҳрҳои Узбакистон ширкати тоҷикистонии Asian Express мебарад, аммо Узбакистон ширкати мусофирбарии худро каме дертар муаррифӣ хоҳад кард.
Тоҷикистон ва Узбакистон рафтуомад бо автобусро роҳандозӣ мекунанд
"Масирҳои автобусӣ Душанберо бо шаҳрҳои узбакистонии Деҳнав ва Тирмиз, Панҷикандро бо Самарқанду Бухоро, Хуҷандро бо Тошканду Фарғона пайваст намуда, нақлиёти мусофирбар аз Шаҳритӯс ба Термиз, аз Исфара ва Конибодом ба Қӯқанду Андиҷон ва Намангону Фарғона мегарданд", — иттилоъ доданд дар Вазорати нақлиёт.