Рӯзи шанбе, 14-уми апрел, дар Тоҷикистон понздаҳумин бор чорабинии "Санҷиши умумӣ" сурат гирифт. Барои санҷиши дониши худ зиёда аз якуним ҳазор нафар сокинони ҷумҳурӣ дар ин рӯз ҷамъ омада буданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 500 нафар бештар аст.
Дар Душанбе танҳо ба Маркази илму фарҳанги Русия зиёда аз 300 нафар довталаб омада буданд, ки иштирокчиёни ҷавонтарин он 12 сола ва солхурдатаринаш 65 сола буданд.
Дар Душанбе барои навиштани имло сокинони насл ва касбу корҳои гуногун омада буданд, аз қабили: устодон, муаллимон, ҳуқуқшиносон, табибон, намояндагони ВАО, муҳандисон, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна, нафақахӯрону соҳибхоназанон. Натоиҷи имло дар миёнаҳои ҳафтаи оянда маълум хоҳад шуд.
Гузориши аксиро аз санҷиши умумии Душанбе дар Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.