Раисҷумҳур олимони тоҷикро бо Рӯзи илми тоҷик таҳният гуфт

© пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳмон аз олимони кишвар даъват ба амал овард, ки минбаъд ба хотири ҳифзу ҳимояи давлатдории миллӣ ва таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ саъю талоши бештар намоянд ва дар оянда низ дар пешрафти илми тоҷик, рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ҳисса гузоранд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Имрўз кишвардори Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон олимону донишмандони кишварро бахшида ба иди касбиашон — Рўзи илми тоҷик ва 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин Президенти Академияи илмҳои мамлакат устод Садриддин Айнӣ табрику муборакбод намуд.

"Хидматҳои устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ў ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Умедворам, ки ҷашни ин шахсияти барҷастаи миллат ва омўзиши ҳарчи бештари осори ў минбаъд низ ба тақвияти ифтихори ватандорӣ ва ҳисси худогоҳиву худшиносии халқи тоҷик мусоидат мекунад",-  таъкид дошт раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд,  илм дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб меравад.

"Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди илм заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла, қонунҳои дахлдор ва барномаву консепсияҳо дар соҳаи илм қабул шуданд, ки ба тавсеаи таҳқиқоти илмӣ мусоидат намуданд",- гуфт ӯ.

 Бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ паркҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо ва марказҳои иттилоотиву техникӣ таъсис ёфта, ҷиҳати ба корҳои илмиву пажўҳишӣ машғул шудани олимону донишҷўён заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Солҳои охир бо мақсади дастгирии илмҳои бунёдӣ барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар бахши илм амалӣ шуда истодаанд.

Раҳмон аз олимони кишвар даъват ба амал овард, ки минбаъд ба хотири ҳифзу ҳимояи давлатдории миллӣ ва таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ саъю талоши бештар намоянд ва дар оянда низ дар пешрафти илми тоҷик, рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ҳисса гузоранд.

Ёдрас мешавем, имрӯз осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Душанбе баъди таҷдиду тамрин ифтитоҳ шуд.

Лентаи хабарҳо
0