Боз тағйирот: раисҷумҳур ду вазири навро таъйин кард

© © Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шерзод Қутбиев вазири шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират таъйин шуду, Абдуқаҳҳор Тухтаев ба курсии вазири сохтмон такя зад

ДУШАНБЕ, 13 апр— Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев раҳбарони нави Вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва Вазорати сохтмонро таъйин кард, хабар медиҳад UzNews.

Ҳамин тавр тибқи қарори Мирзиёев, Шерзод Қутбиев, ки аз моҳи сентябри соли 2016 ҳокими ноҳияи Мирзо-Улуғбеки Тошканд буд, вазири шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират таъйин шуд.

Ҳокими пешини ноҳияи Алмазари шаҳри Тошканд бошад, вазири сохтмони Узбакистон таъйин шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳуроии Узбакистон тағйироти кадрӣ ба амал омадааст.

Тағйироти кадрӣ дар ВКД вилоятҳои Тошканд, Ҷиззак, Навоӣ, Бухоро, Сурхандарё ва Андиҷон ба амал омад.

Лентаи хабарҳо
0