Раҳмон устуворномаи сафири нави Узбакистонро пазируфт

Обуна шудан
Ҳамчунин сафирони кишварҳои Озарбойҷон, Миср, Словакия ва Кубӣа ба раисҷумҳури Тоҷикистон эътимодно ва аз роҳбарияти кишварҳои хеш паёму дурд тақдим карданд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз эътимодномаи 5 сафири навро қабул кард. Эмомалӣ Раҳмон сафирони навро дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт.

"Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба  президенти Тоҷикистон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҳасан Дилсуз оглу Маммедзаде, Ҷумҳурии Узбакистон Эргаш Шоисматов, Ҷумҳурии Арабии Миср Иҳаб Аҳмад Талат Наср, Ҷумҳурии Словакия Ян Бори ва Ҷумҳурии Куба Эмилио Певида Пупо эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

 Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта,  иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидат хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстиву ҳамкории кишварҳои мо барои рушду таҳкими минбаъда майдони фарох доранд.

Зимни суханронӣ кишвардор аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва муборизаи самарбахш алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир ёдовар шуд.

Таъкид шуд, ки барои расидан ба натиҷаҳои мусбӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар бисёри маврид аз амалҳои муштарак ва ҳамоҳангшудаи мо вобастагӣ дорад.

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи феврали соли равон муовини пешини нахуствазири Узбакистон Эргаш Шоисматов сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон таъин карда шуд.

Вай аз авоили моҳи март ба фаъолияташ дар Душанбе оғоз кард. Шоисматов сафири пешини Узбакистон Шоқосим Шоисломовро, ки 14 сол боз дар ин симат буд, иваз кард.
Сафири пешин, Шоисломов вазифаи нав гирифтаву дар дастгоҳи раисҷумҳури Узбакистон оид ба сиёсати хориҷӣ фаъолият хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0