ДУШАНБЕ, 13 апр— Sputnik. Бо ибтикори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба хонаводаҳои 28 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардидаас.
Дар ин бора равобити умумии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар кори чорабинӣ намояндагони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои марбута ширкат кардаанд.
Муовини вазири тандурустӣ Мирҳаммудин Камолзода гуфтааст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ" ва дигар қонуну санадҳои дахлдор баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии қишри камбизоати ҷомеа мусоидат менамоянд.
Сардори Шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ, Муҳабатова Соима моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ"-ро шарҳ додааст.
Ҳамчунин, сардори Раёсати кафолати кумакҳои иҷтимоӣ, Ҷўраев Набиҷон ва роҳбари гурўҳи тарҳи "Таҳкими соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ" Каримов Ҷамшед суханронӣ намуда, дар бораи низоми нави таъин ва пардохти кумакҳо ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар ҷумҳурӣ муфассал нақл кардаанд.