Оғози Анҷумани минтақавии шартномабандӣ дар вилояти Суғд

© Sputnik / Фируз УмарзодаХуджанд, архивное фото
Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ беш аз 200 нафар намояндагони корхонаву ташкилотҳо, соҳибкорон, аз ҷумла ҳайати зиёди меҳмонон аз Русия, Узбакистон, Қирғизистон, намояндагони созмонҳои байналхалқии Барномаи рушди СММ ва Иттиҳоди Урупо ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Имрӯз дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ – 2018 ба кори худ оғоз кард, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат ва суханронӣ кардааст.

Аҳмадзода гуфтааст, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои бузурги иқтисодӣ буда, дар саргаҳи Шоҳроҳи Абрешим қарор дорад.

"Алҳол вилоят бо 18 минтақа, аз ҷумла марказҳои саноатии Русия, ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои судманди иқтисодиро ба роҳ мондааст".

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати Аҳмадзода аз Русия барои бунёди корхонаи муштараки саноатӣ дар Суғд

Дар Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ беш аз 200 нафар намояндагони корхонаву ташкилотҳо, соҳибкорон, аз ҷумла ҳайати зиёди меҳмонон аз Русия, Узбакистон, Қирғизистон, намояндагони созмонҳои байналхалқии Барномаи рушди СММ ва Иттиҳоди Урупо ширкат мекунанд.

Намояндаи тиҷории русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин, муовини раиси вилояти Оренбург, Михаил Маслов ва намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ – дар бораи нақш ва ҳадафи баргузории Анҷуман, пазироии хуб гуфта, зикр доштаанд, ки Анҷумани сеюми минтақавии шартномабандӣ ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, содироти бештари маҳсулот, тавсеаи рушди ҳамгироӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мусоидатхоҳад кард.

Дар рўзи нахусти кори Анҷуман, имкониятҳои ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва харидорони тармева ва хушкмева бо назардошти хусусияти сифати маҳсулот муҳокима гардида, соҳибкорони кишварҳои иштирокчии Анҷуман дар мулоқоти хоса гуфтушунид намудаанд.

Ҳамчунин, меҳмонон  аз Муассисаи давлатии "Қасри маданияти Арбоб"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии "Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд боздид кардаанд.

Хотирнишон бояд кард, ки Анҷумани III минтақавии шартномабандӣ имрӯз оғоз шудаву то 14 апрел идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0