“Росатом” мехоҳад дар Узбакистон нерӯгоҳи барқии атомӣ созад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкАЭС, архивное фото
АЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давлатҳои Русия ва Узбакистон масъалаи баромад ба сатҳи бастани созишномаи байниҳукуматӣ дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи атомии барқиро, баррасӣ мекунад, иттилоъ дод мудири омили ширкати “Росатом” Алексей Лихачев

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. "Росатом" бо ҳукумати Узбакистон шароити созишнома дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои барқии  атомиро баррасӣ мекунад, гуфт мудири омили корпоратсияи давлатии "Росатом" Алексей Лихачев.

"Мо ҳоло бо ҳукумати Узбакистон оид ба масъалаи баромадан ба сатҳи созишномаи байниҳукуматӣ дар робита ба сохтмони нерӯгоҳ, гуфтушунид дорем", — иброз дошт Лихачев.

Роҳбари "Росатом" изҳори умедворӣ кард, ки бо кӯмаки Девони вазирон ва ВКХ ФР дар оянда теъдоди давлаҳо-хоҳишмандони сохтмони нерӯгоҳҳо, зиёд хоҳад шуд.

"Дар ин ҷода бо Арабистони Саудӣ ва Узбакистон кор мекунем, ҳарчанд Узбакистон тозаворид нест, яъне оддитар карда гӯем, дар соҳаи саноати ҳастаӣ замони шӯравӣ реакторҳои тадқиқотӣ дар ин минтақа кор мекарданд, вале нерӯгоҳҳои бузурги атомӣ дар он ҷо нест", — шарҳ дод вай.

Ёдрас мешавем, ки Русия ва Узбакистон қаблан созишномаи байниҳукуматӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи атомӣ барои мақсадҳои сулҳомезро, имзо карда буданд.

Санади мазкурро Алексей Лихачев ва муовини нахуствазири Узбакистон Нодир Отаҷонов ба имзо расониданд. Созишнома заминаи ҳуқӯқиро барои ҳамкории дуҷониба миёни Русия ва Узбакистон дар соҳаи истифодаи нерӯи атомӣ барои мақсадҳои сулҳомез, фароҳам меоварад.

"Самтҳои чашмандоз дар рушди ҳамкориҳои мутақобилаи судманд, бунёд ва такмили инфрасохтори миллӣ ва омодасозии кадрҳо барои соҳаи нерӯи барқи ҳастаии Узбакистон, сохтмони НБА ва реакторҳо дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин даситгирӣ дар рафти тамоми давраи чархиши ҳаёт, ба ҳисоб мераванд", — омадааст дар гузориш.

Лентаи хабарҳо
0