ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Понздаҳумин паради форсизабонони Ню-Йрк рӯзи 15 апрел баргузор хоҳад шуд.
Маъмулан дар парад задагони тамоми кишварҳое ширкат мекунанд, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд.
Форсизабонон дар тан либоси миллӣ зери ҳавои мусиқӣ дар кӯчаи Мэдисон роҳпаймоӣ мекунанд.
Соли гузашта дар ин парад Тоҷикистон 40 нафар намояндагӣ карда буданд. Занон рақс мекарданд ва мардон мусиқӣ менавохтанд.
Бори аввал дар соли 2004 дар Ню-Йорк Паради форсизабононро муҳоҷирон аз Эрон ташкил карданд. Маъмулан роҳпаймоии форсизабонон дар мобайнҳои моҳи апрел баргузор мешавад.
"Паради форсизабонон ҳар сол бо мақсади ошно кардани сокинони Ню-Қорк бо фарҳанги форсизабонон баргузор карда мешавад",- гуфта мешавад дар вебгоҳи ташкилкунандагони он.
Тамоми ширкаткунандагон се парчам-парчами кишвари худ, парчами Амрико ва парчами таърихии Эронро мебардоранд.