ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Чин кӯдаке пас аз чор соли марги падару модараш аз найчашиша ба дунё омад, хабар медиҳад BBC News.
Модари ҷойгузин писарчаеро аз ҷанине ба дуён оврад, ки зану шавҳаре пеш аз марг монда буданд.
Пас аз садама бобову бибӣ барои истифодаи ҷанини фарзандонашон хело кӯшиш карданд. Онҳо чанд маротиба ба додгоҳ муроҷиат карданд. Аммо додгоҳ натиҷае пешниҳод карда наметавонист, зеро ин гуна ҳолатро пештар додгоҳи Чин баррасӣ накрада буд.
Пас садама ҳуҷайраҳои зану шавҳар дар бемористони Нанкин дар ҷойи амн, дар сардии 196 дараҷа, дар зарфе бо нитрогени моеъ нигоҳ дошта мешуданд.
Додгоҳ ба волидони зану шавҳари вафоткарда иҷозат дод, ки тухмҳуҷайраҳои бордоршуда аз бемористон гиранд.
Вақте ки бобову бибӣ ба ҷанин ҳуқуқ пайдо карданд, роҳбарияти бемористон далеле талаб кард, ки ҷанин дар бемористони дигар ҳам дар ҷойи амн нигоҳ дошта мешавад. Бемористонҳои Чин наметавонистанд, ки хизматрасони худро дар ҳолати номаълумии ҳуқуқӣ пешниҳод кунанд.
Бибиву бобо қарор доданд, ки ҷанинҳоро аз ба кишвари хориҷӣ баранд. Барои ин онҳо кишвари Лаосро интихоб карданд. Аммо ягон ширкати ҳавои розӣ намешуд, ки ба ҳавопаймояш найчашишаи нитрогени моеъро иҷоза диҳад. Онҳо маҷбур ҷанинро ба воситаи мошин ба хориҷ буданд.
Аммо мушкилии бибиву бобое, ки аз фарзандонашон нишона мехостанд, ба итмом нарасид. Кӯдакро дар соли 2017 модари ҷойгузин ба дунё овард, аммо акнун тифл шаҳрвандӣ надошт. Писарчаро Тянтян ном гузоштанд.
Тянтян дар Лаос ба дунё омад, лекин бояд шаҳрвандии Чинро мегирифт. Бобову бибии писарак хун супорида, исбот карданд, ки тифли таваллудшуда набераи онҳост ва волидони кӯдак дар садама гузаштаанд.