Тӯйи ҷавони тоҷикро қариб ҷаримаҳои БДА "вайрон" карданд

CC0 / Pixabay / Свадебная церемония, архивное фото
Свадебная церемония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди тоҷикистоние, ки дар ноҳияи Ермекеевский-и Ҷумҳурии Бошқирдистон сабтином шуда буд, барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракати роҳ аз ҷониби идораи БДА-и Русия ба миқдори 40 ҳазор рубл қарздор гардид, ва пас аз огоҳиҳои такрорӣ, додгустариҳо маҷбур шуданд то роҳи ӯро ба ватан банданд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон, ки дар Бошқирдистон ба қайд гирифта шуда буд, қариб буд, ки бо сабаби қарздорӣ аз идораи БДА-и Русия, аз тӯйи арӯсии худ дер монад, иттилоъ медиҳанд ВАО.

Мард дар ноҳияи Ермекеевский-и Ҷумҳурии Бошқирдистон сабтином шуда буд, аммо воқеан дар Маскав кору зиндагӣ мекард. Ӯ қоидаҳои ҳаракати роҳро мунтазам вайрон карда, маблағи умумии қарзҳои ӯ аз 40 000 рубл ҳам зиёд шуда буд, вале вайронкор саъйи пардохти онро намекард.

Он гоҳ додгустарон тасмими маҳдуд намудани сафарҳои қарздор ба хориҷи кишварро гирифтанд.

Ин вақт маълум гаштааст, ки ҷавон зангир буда, ният доштааст тӯяшро дар Тоҷикистон гузаронад.

Барои он, ки маросими ақди никоҳ барҳам нахӯрад, мард на танҳо қарзҳои худ дар ҳаҷми 48 ҳазор рубл, балки дар ҳар сурат, қарзҳои падарашро ҳам, ки қариб 20 ҳазор будааст, пардохт намудааст.

Пештар хабар дода шуда буд, ки истиқоматкунандаи Красноярск ба вазъияти ҳаммоанад афтода буд. Қарздор ба тӯи арӯсии худ сафари Узбакистон карданӣ шудааст, вале дар фурудгоҳ додгустарон ӯро дошта, ба ҳавопаймо роҳ надодаанд. Ин мард қарзи 60 ҳазор рублаи худро барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин, надода будааст. Он замон дӯстону хешовандони бешумори домод, тӯи арӯсии ӯро бе худи ӯ ҷашн гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0