Трамп: дар бораи замони ҳуҷум ба Сурия нагуфтаам

© AP / Andrew HarnikПрезидент США Дональд Трамп, архивное фото
Президент США Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфти Трамп ҳамла ба Сурия "ба зудӣ" ё "дертар" рух хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки  дар бораи замони ҳамла ба Сурия чизе нагуфтааст.

"Нагуфтаам, ки кай ба Сурия ҳамла мекунем. Эҳтимол ба зудӣ, ё баъд! Ба ҳар ҳол ИМА таҳти раҳбарии ман дар поксозии Давлати Исломӣ (созмони ҷангии мамнуъшуда дар Тоҷикистон) аз минтақа, кори хубе анҷом дод. "Сипос, Амрико" канӣ?", — навиштааст Трамп дар Twitter.

Ёдоварӣ мекунем, Трамп Русияро аз ҳамлаи мушакӣ ба Сурия ҳушдор дод.

"Русия мегӯяд, ки тамоми мушакҳои дар Сурия партофтаамонро мезанад. Русия, омода бош- мо яроқҳои "оқилтару" хубтаре ба Сурия мефиристем. Ту бояд бо ҳайвоне ҳамкорӣ накунӣ, ки мардуми худро бо воситаи газ мекушад ва аз он ҳаловат мебарад", — навиштааст Трам дар Twitter.

Пештар кишварҳои Ғарб Сурияро дар ҳамлаи кимиёвӣ ба шаҳри Дума муттаҳам карданд. Кремл ин маълумотро қатъият рад кард.

Лентаи хабарҳо
0