Раиси шаҳри Бӯстон барои мулоқот бо донишҷӯёни шаҳр ба Душанбе омад

Обуна шудан
Имрӯзҳо зиёда аз сад донишҷӯ аз шаҳри Бӯстон дар зинаҳои рӯзонаву ғоибонаи муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода барои мулоқот бо донишҷӯёни шаҳр ба Душанбе омад, хабар медиҳад дафтари мутбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, феълан бештар аз 100 ҷавони шаҳри Бӯстон барои таҳсил ба муассисаҳои олии шаҳри Душанбе рафтаанд.

"Тибқи маълумотҳо, дар шаҳри Бӯстон норасоии кадрҳои баландихтисос ба чашм мерасад. Ба мо зиёда аз 20  муттахассис дар соҳаи тандурустӣ ва  омӯзгорони фанҳои дақиқ дарнамерасад. Итминон дорам, ки пас аз хатми донишгоҳу донишкада ҷавонон  ба шаҳри Бӯстон баргашта, норасоии кадрҳоро пурра намуда, ба Ватану халқи худ хизмат менамоянд",- гуфтааст Раъно Ҳошимзода.

Дар кори мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Ҷаббор, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилнозаи Даврон низ ширкат намуданд.

Мақсади баргузории мулоқот бори дигар аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз раванди таълиму тарбия ва вазъи зисту зиндагии донишҷуён арзёбӣ гардида, ба зиёда аз 70 нафар донишҷӯён стипендияи яквақтаинаи раиси шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0