ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп ба Русия ҳушдор дод, ки ба Сурия зарбаҳои нави мушкӣ мезанад.
Раисҷумҳур ҳангоми тавзеҳ додани эҳтимоли шикаст хӯрдани мушакҳои Амрико аз ҷониби қӯшунҳои Русия дар Сури гуфт, ки Вашингтон минбаъд аз яроқи нави "оқил" истифода мебарад.
"Русия мегӯяд, ки тамоми мушакҳои дар Сурия партофтаамонро мезанад. Русия, омода бош- мо яроқҳои "оқилтару" хубтаре ба Сурия мефиристем. Ту бояд бо ҳайвоне ҳамкорӣ накунӣ, ки мардуми худро бо воситаи газ мекушад ва аз он ҳаловат мебарад", — навиштааст Трам дар Twitter.
Russia vows to shoot down any and all missiles fired at Syria. Get ready Russia, because they will be coming, nice and new and “smart!” You shouldn’t be partners with a Gas Killing Animal who kills his people and enjoys it!
— Donald J. Trump (@realDonaldTrump) 11 апреля 2018 г.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ҳоло равобити Русия ва Амрико чунон хароб шудаанд, ки ҳатто дар даврони ҷанги сард нашуда буд.
"Вайрон кардани муносибатҳо маъние надорад. Русия дар соҳаи иқтисод ба кӯмаки мо ниёз дорад, ки онро ба осонӣ метавон амалӣ кард. Мо тарафтодорем, ки тамоми кишварҳо бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд. Сабқати мусаллаҳшавии бошитобро меистонем?",- навиштааст вай.
Пештар кишварҳои Ғарб Сурияро дар ҳамлаи кимёвӣ ба шаҳри Думаи кишвар муттаҳам карданд. Кремл ин маълумотро қатъият рад кард.