ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бо ибтикори мақомоти вилояти Суғд дар мавзӯи "Мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон" семинар-машварати вилоятӣ баргузор гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.
Вазири кишоварзии Тоҷиктон гуфтааст, ки имрӯз мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашаротҳои зараррасон дар сархат аст.
Ба гуфти ӯ "соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодӣ буда, рушди устувори самтҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ аз пешбурди фаъолияти ин соҳа вобаста аст".
Вай хабар дода, ки дар ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии "Экспидитсияи мубориза бар зидди малах" ташкил карда шудааст, ки намояндагиҳои он дар минтақаҳои гуногун фаъолият доранд.
Тибқи маълумоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар ин семинар ширкат дошт, ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах ва ташкили чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасону касалиҳои зироати кишоварзӣ ва боғу токзор амри раиси вилояти Суғд аз 6 апрели соли 2018, "Дар бораи таъсис додани Ситоди вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашаротҳои зараррасон" ба тасвиб расидааст.
Раиси вилоят ҳамчунин афзудааст, ки соли равон аз буҷети вилоятӣ барои пешгириву нобудсозии ҳашароти зараррасони малах 150 ҳазор сомонӣ ва барои ташкили мубориза бар зидди касалию ҳашароти зараррасони помидор низ 150 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии мамлакат Изатулло Сатторӣ ва гуруҳи калони иштирокчиёни семинар бо имкониятҳои Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Суғд аз наздик ошно шудаанд.
Дар рафти чорабинӣ мутахассисони филиали муассисаи мазкур тарзи омодасозии заҳрдоруҳо, истифодаи таҷҳизоту техникаи дорупоширо нишон дода, ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах ва муайян намудани макони он тавсияиҳои муфид ироа намудаанд.