Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати маориф ва "Тоҷикфилм"

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанНовые кадры на встречи с президентом Таджикиктана Эмомали Рахмоном
Новые кадры на встречи с президентом Таджикиктана Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо имзои қарорҳо дар бархе аз ниҳодҳои кишвар тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар хадамоти матбуотӣ нашр шудааст, мудири нави "Тоҷикфилм" таъйин шудааст.

Ҳамин тавр бо қарорҳои ҳукумат, Раҳмон Носир – мудири "Тоҷикфилм", Сайфиддин Давлатзода муовини вазири маориф ва илм ва Орзу Аҳмадзода — муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуданд.

Тибқи фармони дигар, Бахтиёр Муминзода фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъйин шудааст.

Дар баробари ин раисҷумҳур додситонҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ҷо ба ҷо кард.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳур менасвисад, ки муовини раиси додгоҳи шаҳри Ҳисор, додситонҳои як қатор шаҳру навоҳии кишвар аз ҳисоби ҷавонон таъйин шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0