ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ҳайъати Ҷумҳурии Халқии Бангладеш таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ, узви Парлумони Бангладеш, Муҳаммад Шаҳриёр Алам ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Сафари ҳайъати Ҷумҳурии Бангладеш дар Тоҷикистон аз 11 то 14 апрел идома меёбад.
Ҳайати Ҷумҳурии Бангладеш пеш аз сафар ба Тоҷикистон аз Узбакистон боздид кардааст.
Ҳайъати Ҷумҳурии Бангладеш, ки ба он намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷории ин кишвар шомил мебошанд, дар парлумон, ВКХ Узбакистон мулоқотҳо доир намуда, дар ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар ширкат ва аз шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухоро дидан намудаанд.
Дар баробдари ин дар ин ҳафта сафари ҳайъатҳои зерин ба Тоҷикистон дар назар аст:
10-15 апрели соли 2018 – сафари сафирони навтаъйини Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Словакия ва Ҷумҳурии Куба барои ширкат дар маросими супоридани эътимодномаҳо ба Эмомалӣ Раҳмон (13 апрели соли 2018).
13-15 апрели соли 2018 – сафари ҳайъати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ ҷаноби Ли Ён Ҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
15-18 апрели соли 2018 – сафари ҳайатҳои иштирокдори ҷаласаи 23-ми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.