Навори набарди Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо хирс

Обуна шудан
Дар интернет наворе пайдо шудааст, ки дар он Ҳабиб Нурмуҳаммадови 9-сола бо хирсбачае зӯрозмоӣ мекунад

Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна дар соли 1997 Ҳабиб Нурмуҳаммадови хурдсол ҷасурона бо хирсбача рақобат мекунад. Падари паҳлавон нақл кардааст, ки ин навор дар Махачкала, замоне, ки Ҳабиб нуҳ сола будааст, сабт шудааст.

Набард бо қоидаву қонунаш гузашт, гарчанде баъзан яке аз "паҳлавонон" берун аз қоида рақобат мекард. Хирсбача бо дандонҳояш сабукона пӯшоки Ҳабибро газида ба худ кумак мекард.

Ёдоварӣ мекунем, ки варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи шанбе дар Амрико қаҳрамони мутлақи UFC шуд.

Рақобати панҷдаврие, ки дар шаҳри Ню-Йорк дар чорчӯби сабқати UFC 223 баргузор шуд, бо қарори якдилонаи доварон ба тарафдории Ҳабиб Нурмуҳаммадов анҷом пазируфт.

Нурмуҳаммадов 26-умин бор дар сабқати 26-уми худ пирӯз шуд. Яквинта бори чорум дар фаъолияти варзишиаш мағлуб шуд. Ӯ 13 бор пирӯз шудаасту як рақобаташро мусовӣ анҷом додааст.

Лентаи хабарҳо
0