Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевДождь в Душанбе, архивное фото
Дождь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 11 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борони кутоҳмудат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани борон пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар водиҳо боридани борон ва дар баландиҳои 2000 метр боридани барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-11 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: се рӯзи ахир дар Тоҷикистон борону барф меборад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, баъзан боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 1-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Шабона дар водиҳо 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 6-8 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0