ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев эълом дошт, ки ба муносибатҳои шахсиаш бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин баҳои баланд медиҳад.
Рӯзи чаҳоршанбе дар Остона як қатор сафирон, аз ҷумла сафири Русия Алексей Бородовкин ба раисҷумҳури Қазоқистон эътимоднома супориданд.
"Муносибатҳои Русия ва Қазоқистон намунаи мунсоибатҳои байналмилалии ҳамкориҳои стратегӣ мебошад. Ба туфайли ҳамкориҳои зиччи мо Иттиҳоди байналмилалии "Иттиҳоди иқтисодии Уросиё" кори худро бо муваффақият анҷом медиҳад",- гуфтааст Назарбоев пас аз қисми расмии маросим.
Тавре ӯ афзудааст, рушди ҳамкориҳои байни Қазоқистон ва Русияро мардуми ҳар ду кишвар ҳам ҳамаҷониба тарафдорӣ мекунанд.
"Ман ба муносибатҳои шахсии неки худ ва Владимир Владимирович Путин баҳои баланд медиҳам. Ба фикри ман, пирӯзии мутлақи вай дар интихобот — далели он аст, ки мардуми Русия роҳи интихобкардаи роҳбари худро дар роҳи рушд дар оянда, мустаҳкам шудани нақши геопалитикии Русия, ҳамчунин ҷоннисорӣ ва фидокориҳои раисҷумҳурро нисбати кишвараш қадр мекунанд",- гуфтааст Назарбоев.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, Қазоқистон то ҳол мехоҳад муносибатҳояшро бо Русия дар сатҳи дуҷониба ва байналмилалӣ рушд диҳад.