Декани факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгорӣ ба иттиҳоми порагирӣ дастгир шуд

© Sputnik / Рамиль СитдиковНаручники
Наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Устоди донишгоҳро дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора дастгир карданд. Аз рӯйи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 11 апр- Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, декани факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, устоди донишгоҳ аздонишҷӯе талаб кардааст, ки барои дар дарсҳо иштирок накарданаш, 200 доллар диҳад.

"Кормандони милитса ҳангоми гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ, рӯзи 9-уми апрел, тахминан соати 13:10-дақиқа, декани факултаро  дар утоқи кориаш дар вақти гирифтани 1600-сомонӣ пора  дастгир намуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0