Низомиёни пойгоҳи 201-уми ҳарбии мустақар дар Тоҷикистон, як гурӯҳи ҷинояткори шартиеро нобуд сохтанд, ки ният доштанд ба иншоотҳои Русия ҳамла кунанд, иттилоъ расонд ба хабарнигорон рӯзи душанбе хадамоти матбуоти ОНМ.
Тамринот дар размоишгоҳи кӯҳии Лоҳур, 40 километр дуртар аз шаҳри Душанбе, гузаронида шуд.
"Дар асоси нақшаи фаъолиятҳои амалӣ, гурӯҳи иктишофӣ якҷоя бо воҳидҳои дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини "Орлан" сафи қатори ҷиҳод-мобилеро, ки ба самти иншоотҳои муҳимми пойгоҳи низомӣ ҳаракат мекард, зада рахна сохт. Гурӯҳи тақвиятшудаи баталонӣ-тактикӣ пеши ҳаракати "гурӯҳи ҷангиён"-ро бо аслиҳаи оташфишон аз T-72 ва гаубитсаҳои худрави "Гвоздика" гирифта, душманро маҷбур сохтааст, ки ақибнишинӣ кунад", — иттилоъ доданд дар хадамоти матбуотӣ.