Фирори як шаҳрванди Тоҷикистон аз маҳбасе дар Қирғизистон

CC0 / Vincepal / OutПобег, архивное фото
Побег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зафарҷон Исматов-шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ваҳдат якҷо бо як шаҳрвванди Узбакистон Асқарҷон Бӯриев аз яке аз маҳбасҳои Қирғизистон фирор карданд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Тавре Кумитаи давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон гузориш медиҳад, аз яке аз маҳбасҳои кишвар ду шаҳрванд фирор кардаанд, ки байни онҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ будааст.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, ҳодиса 8 апрел дар шаҳри Балиқчаи Қирғизистон рух додааст.

Ҳамин тавр, як шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Зафарҷон Исматов, сокини шаҳри Ваҳдат, ки моҳи феврали соли равон бо ҷурми дуздӣ маҳкум  шуда буд якҷоя бо зодаи Узбакистон Асқарҷон Бӯриев 34-сола фирор кардаанд.

Барои фирор дар Қирғизистон 3 соли зиндон дар маҳбасҳои низомаш шадид таъин карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0