"Хуҷанд" тими "Регар-ТадАЗ" -ро шикаст дод

© Фото : предоставлено ФФТИгроки футбольный клуб "Худжанд", архивное фото
Игроки футбольный клуб Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии марказии даври 4-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар варзишгоҳи "Спартак"-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Тими "Хуҷанд"- и Хуҷанд дастаи  "Регар-ТадАЗ" —и Турсунзодаро шикаст дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба нафъи соҳибони майдон хотима ёфт.

"Аз  дастаи "Хуҷанд" голҳоро Ҷаҳонгир Эргашев ва Дилшод Бозоров ба ҳадаф расониданд. Ягона голи ҷавобиро ба дарвозаи "Хуҷанд" Саидамири Саидаҳмад ворид сохт",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Бояд зикр кард, ки бо натиҷагирӣ аз 4 давр дар ҷадвали чемпионат дастаи "Хуҷанд" дар ҷои аввал аст. Дастаи "Истиқлол", ки як бозӣ кам анҷом додааст, бо фарқи як тӯб дар мақоми дуюм ҷой гирифтааст. Сегонаи аввалро КМВА "Помир" бо 6 хол ҷамъбаст мекунад.

Лентаи хабарҳо
0