"Ҷаҳони кушода": вакилони тоҷик роҳбарӣ ва идоракуниро аз амрикоиҳо меомӯзанд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадаф аз барномаи "Ҷаҳони кушода" шиносоӣ ба таҷрибаи Амрико дар соҳаи роҳбарикунӣ ва идоракунӣ мебошад. Ширкаткунандагони барнома дар давоми даҳ рӯз, аз ҷумла бо фаъолияти мақомоти федералӣ, давлатӣ ва маҳаллӣ ошно хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ,10 апр- Sputnik. Субҳи имрӯз ҳайъати вакилони Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ба Амрико сафар намуданд.

Тавре аз дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар додаанд, вакилони Маҷлиси намояндагон бо дастгирии Сафорати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи барномаи табодули байни парлумонӣ таҳти унвони "Ҷаҳони кушода" ба ИМА сафар карданд.

"Ҷаҳони кушода" рӯзҳои 9-21 апрели соли равон дар Вашингтон баргузор мешавад.

"Ҳадаф аз барномаи мазкур шиносоӣ ба таҷрибаи Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар соҳаи роҳбарикунӣ ва идоракунӣ мебошад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

 Ширкаткунандагони барнома дар давоми даҳ рӯз, аз ҷумла бо фаъолияти мақомоти федералӣ, давлатӣ ва маҳаллӣ ошно хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0