Низомиёни пойгоҳи 201-ум “ҷангиён"-ро” дар Тоҷикистон нобуд карданд

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкВертолет МИ-24, архивное фото
Вертолет МИ-24, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия "ҷангиён"-ро, ки ба объектҳои ФР ҳамла меоварданд, нобуд сохтанд

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми ҳарбии мустақар дар Тоҷикистон, як гурӯҳи ҷинояткори шартиеро нобуд сохтанд, ки ният доштанд ба иншоотҳои Русия ҳамла кунанд, иттилоъ расонд ба хабарнигорон рӯзи душанбе хадамоти матбуоти ОНМ.

Тамринот дар размоишгоҳи кӯҳии Лоҳур, 40 километр дуртар аз шаҳри Душанбе, гузаронида шуд.

"Дар асоси нақшаи фаъолиятҳои амалӣ, гурӯҳи иктишофӣ якҷоя бо воҳидҳои дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини "Орлан" сафи қатори ҷиҳод-мобилеро, ки ба самти иншоотҳои муҳимми пойгоҳи низомӣ ҳаракат мекард, зада рахна сохт. Гурӯҳи тақвиятшудаи баталонӣ-тактикӣ пеши ҳаракати "гурӯҳи ҷангиён"-ро бо аслиҳаи оташфишон аз T-72 ва гаубитсаҳои худрави "Гвоздика" гирифта, душманро маҷбур сохтааст, ки ақибнишинӣ кунад", — иттилоъ доданд дар хадамоти матбуотӣ.

Военные 201-й РВБ приняли участие в благотворительной акции по сдаче крови - Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар чорабинии хунсупорӣ ширкат карданд

Тавре қайд мегардад, амалиётҳои мототирандозонро чархболҳои зарбазани Ми-24 ва воҳидҳои системаҳои реактивии оташфишони "Град" дастгирӣ намуда, гурӯҳҳои парокандаи "ҷангиён"-ро, ки кӯшиши пинҳон шудан дар кӯҳҳоро доштаанд, нобуд сохтаанд.

Ҳамчунин илова намудаанд, ки дар тамринот беш аз 500 низомиёни русиягӣ иштирок карда, тахминан 300 адад техника истифода шудааст.

Пештар хабар дода шуда буд, ки иктишофиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар чаҳорчӯбаи машқҳои саҳроӣ истифода ва корбурди дастгоҳҳои сайёри "Грот-М"-ро дар размоишгоҳи кӯҳии "Лоҳур", аз худ кардаанд.

Бо низомиён машқҳои топографияи ҳарбӣ ва омодасозии тактикӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо кор бо дастгоҳҳои нави замонавии кучакандозаи сайёри истифодаи фардии "Грот-М"-и ситемаи ГЛОНАСС, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ба кор бурда мешаванд, омӯзонида шудааст.

Дастгоҳи мазкур дар азхудкунии макон ҳангоми қатъ будан аз нерӯҳои асосӣ кумак карда, ба гурӯҳи иктишофӣ имкони муайян сохтани ҳамоҳангсозиҳояшро бо дақиқияти то як метр, мадиҳад ва метавонад то даҳ самти гуногуни амалиёти ҳарбиро таъйин созад.

Дар рфти кор бо техникаи нав иктишофиён метавонанд на танҳо дар зудтарин мӯҳлат кортҳои электронӣ эҷод кунанд, балки ба таври фаврӣ иттилоотро дар бораи ҷойҳои худ тавассути каналҳои алоқаи махфӣ ба ҳамаи пайваст ва ҷузву томҳои ҳарбӣ, ки вазифаҳои худро дар минтақаи таъйиншуда иҷро мекунанд, фиристанд.

Пойгоҳи низомии 201-ум, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст, бузургтарин воҳиди ҳарбии Русия берун аз хоки он мебошад. Пойгоҳ дар ду шаҳр — Душанбе ва Бохтар — ҷойгир шудааст. Мувофиқи созишномае, ки моҳи октябри соли 2012 имзо шудааст, пойгоҳи мазкур то соли 2042 дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Лентаи хабарҳо
0