Комроншоҳ Устопириён дар маросими ҷоизасупорӣ Суруди миллиро хонд

Обуна шудан
Комроншоҳ Устопириён шоми 8 апрел дар рақобати ниҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар куштии ҷудо Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯзӣ ба даст овард

Ҷудочии номдори тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар сабқати Гран-при-2018 дар Туркия ("Grand-Prix Antalya 2018") пирӯз шуд.

Пас аз ин пирӯзӣ паҳлавони тоҷик, Тоҷикистон миёни 50 кишвари иштирокдор ба зинаи 8-ум баромад.

Комроншоҳи Устопириён бори дуюм аст, ки сазовори медали тилло мегардад. Ӯ дар "Анталия Гран-при 2017" низ соҳиби мақоми аввал шуда буд.

Аз навор ба хубӣ аён аст, чӣ гуна Комроншоҳ дар маросими ҷоизасупорӣ Суруди миллиро хондааст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 варзишгар: Наврӯз Каримзод, Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов муаррифӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0