ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани борони пуршиддат ва раъду барқ пешбинӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани боронҳои пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шабона дар водиҳо 9-14 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолат боридани боронҳои пуршиддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат шабона 10-12 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.