Владимир Путин мардуми Русияро бо иди Пасха табрик гуфт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин и премьер-министр РФ Д. Медведев на пасхальном богослужении
Президент РФ В. Путин и премьер-министр РФ Д. Медведев на пасхальном богослужении - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамчунин раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба патриархи Маскав ва тамоми Русия Кирилл номаи табрикотӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Раисыумҳури Русия Владимир Путин масеҳиёни православӣ ва тамоми шаҳрвандони Русияро, ки Иди Писҳоро (Пасха) таҷлил мекунанд, табрик кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Кремл.

"Иди бузурги Писҳо, ки таҷассумгари тантанаи зиндагӣ, некӣ ва муҳаббат аст, аҳамияти бузурги ахлоқӣ дорад. Он имон, умед, кӯшиши эҷоди аъмоли нек ва кӯмак ба наздиконро бедор карда, одамонро дар атрофи арзишҳои ҷовидонаи маънавӣ ва рӯҳӣ муттаҳид месозад", — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Инчунин раисҷумҳур ба патриархи Маскав ва тамоми Русия Кирилл номаи табрикотӣ фиристода, дар он вай қайд кардааст, ки калисои православӣ зери роҳбарии ӯ таҳкиму тақвият ёфта, анъанаҳои бисёрасраи маънавӣ, рӯҳӣ ва фарҳангии халқро ривоҷу равнаҷ медиҳад.

Писҳо — иди аслии масеҳиёни православӣ аст. Он дар рӯзи якшанбеи якум, пас аз итмоми комили моҳи аввали баҳор — байни 4-уми апрел ва 8-уми май (22-юми март ва 25-уми апрел тибқи услуби қадима), ва баъд аз иди Писҳои яҳӯдиён — Песаҳа, ҷашн гирифта мешавад. Дар соли 2018 таҳлили Писҳои православӣ 8 апрел (26 март тибқи услуби қадима) сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0