ДУШАНБЕ, 8 апр- Sputnik. Табобати Бозор Собирро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати худ гирифтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.
Дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ додааст, ки ба аёдати Бозор Собир рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.
Ба гузориши хадамот, ду рӯз мешавад, ки сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадамин дар паҳлуи бемор қарор доранд ва ба ӯ кумаку ёрии ҳамаҷониба мерасонанд.
"Як гуруҳ мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ба табобати бемор машғул буда, рафти табобат, ҳолати воқеӣ ва ҷараёни ба Ватан омадани Бозор Собир зери назорати доимии Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад",-омадааст дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш, аҳволи шоири номдор Бозор Собир дар Амрико бад шудаст. Ҳоло ӯро дар шӯъбаи эҳёи яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэл табобат мекунанд.
Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи "Маориф ва маданият", маҷаллаи "Садои Шарқ", ҳафтаномаи "Адолат" фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.