Рӯйдоди асосие, ки ба он парастиши Худо қабл аз иди Писҳо (Пасха) бахшида шуда, онаст, ки вақте, бадани Исои Масеҳ "ҳанӯз дар тобут буд", рӯҳи ӯ ба ҷаҳаннам фуруд омад ва бар марг ғалаба ва наҷоти ҷонҳоро эълон кард, ки онҳо муътақидона ва оромона нозил шудани вайро интизор буданд.
Имсол рӯзи "Шанбеи бузург" бо ҷашни иди Башорати Муққадаси Худо ҳамзамон шуд.

1/10
© Sputnik / Амир Исаев
Одатан, масеҳиёни православӣ ғизои писҳавиро рӯзи шанбе, дар арафаи иди асосии калисоӣ, муқаддас мегардонанд, имсол иди Писҳо рӯзи 8-уми апрел таҷлил мешавад.

2/10
© Sputnik / Амир Исаев
Мана чӣ гуна кулич ва тухмҳои рангаи зеборо тақводорон ба калисои Душанбе овардаанд.

3/10
© Sputnik / Амир Исаев
Усқуфи Душанбе ва Тоҷикистон Питирим дар ниҳояти Тақси илоҳӣ масеҳиёнро қудс гардонд.

4/10
© Sputnik / Амир Исаев
Ғизо барои масеҳиён дар ҳамаи калисоҳо тамоми рӯз қудс мешавад.

5/10
© Sputnik / Амир Исаев
Усқуфи Душанбе ва Тоҷикистон Питирим кабӯтарҳои сафедро аз дасташ ба ҳаво сар дод.

6/10
© Sputnik / Амир Исаев
Имсол “Шанбеи бузург” бо ҷашни “Иди Мавлуди Исо” ҳамзамон шуд, ки ки дар он одати сар додани паррандагон ба ҳаво вуҷуд дорад.

7/10
© Sputnik / Амир Исаев
Хонуме дар калисо бо виқор кафани рамзиро таъзим ва бӯса мекунад.

8/10
© Sputnik
Дар охири шаб, тақводорон дар калисо, ки он ҷо маросими ибодати пасҳавӣ мегузарад, ҷамъ меоянд.

9/10
© Sputnik
Дар чунин рӯз, хосатан бояд хешовандон ва наздиконро ёд кард. Одатан “дар қанут” шамъ гузошта, ба арвоҳи хешовандони мурда дуо хонда мешавад.

10/10
© Sputnik / Stringer
Пеш аз нимашабӣ ноқусҳо тантанавор занг мезананд ва дар нимашабӣ дарвозаҳои шоҳӣ кушода, Даврзании салибӣ сар мешавад.