Раҷаббой Аҳмадзода бо мардум якҷоя роҳи душворгузари кӯҳиро обод кард

© Фото : пресс-служба Хукумата Согдической областиПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бунёди роҳ сокинони деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломир ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намудаанд. Бо ҷонибдорӣ аз ташаббуси сокинони ин минтақа роҳбарияти вилоят низ барои бозшавии роҳи душворгузар ба миқдори 80 ҳазор сомонӣ саҳмгузорӣ намуд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Чанд рӯз қабл роҳи душворгузари куҳии байни деҳаҳои Шайдон-Кулихоҷа-Муломири ноҳияи Ашт ба истифода дода шуд ва ҳамин тавр орзуи деринаи сокинони деҳаҳои зикршуда амалӣ гардид.

Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, роҳи мазкур бо иқдоми неки сокинон ва соҳибкорони деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломири Ҷамоати шаҳраки Шайдон, инчунин бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода боз шуд.

Масофаи ин роҳ 2,4 км буда, он дар асоси лоиҳаи аз тарафи филиали дар вилояти Суғд будаи Институти лоиҳакашӣ бунёд шудааст.

"Дар бунёди роҳ сокинони деҳаҳои Кулихоҷа ва Муломир ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намудаанд. Бо ҷонибдорӣ аз ташаббуси сокинони ин минтақа роҳбарияти вилоят низ барои бозшавии роҳи душворгузар ба миқдори 80 ҳазор сомонӣ саҳмгузорӣ намуд", — гуфта мешавад.

Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода бо мардум якҷоя роҳи душворгузари кӯҳиро обод кард

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон барои амалӣ кардани тарҳи "Сохтусози ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб" ба 115 миллион доллар ниёз дорад.

Бино бар иттилои Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон, Бонки исломии тавсеа, Сандуқи рушди иқтисодии арабии Қувайт, Сандуқи рушди Саудӣ, Санлуқи Абу-Дабӣ ва Сандуқи ОПЕК ин тарҳро тамвил хоҳанд кард. Ҳамчунин дар амалӣ кардани тарҳ Ҳукумати Тоҷикистон низ саҳм мегузорад.

Дар чорчӯби тарҳ ҷодда вусъат хоҳад кард, дар роҳ 39 лӯълаи об гузошта мешавад, ҳамчунин сохтусози рӯдҳои бетонӣ дар ду тарафи роҳ ба тӯли 40 ҳазор метр, сохтусози зербинроҳои дифоӣ ба фосилаи 10 ҳазор метр дуто пул ва сойири сохтмонҳои зурурӣ барномарезӣ шудааст.

Ин қисми ҷодда 32 ҳазор км тӯл хоҳад дошт ва қисми аслии ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба шумор меравад.

Бозсозии ин қисмати ҷодда 32 километр тӯл хоҳад дошт ва қисми аслии ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба шумор меравад. Бозсозии ин қисамти ҷодда таробарии солонаи мардумро таъмин хоҳад кард. Сохтусози роҳ соли равон сар шуда, дар соли 2022 ба анҷом хоҳад расид.

Лентаи хабарҳо
0