Мастӣ ба пастӣ: ошкор шудани чанд табаҳкорӣ дар Хоруғ

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкМилицейская машина, архивное фото.
Милицейская машина, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Падаре ба шӯъбаи милиса шикоят бурдааст, ки писараш шабона ва дар ҳолати мастӣ бо хонавода ҷанҷол карда, ӯро латукӯб кардааст

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар чанд рӯзи охир Шӯъбаи ВУД дар Хоруғ чанд ҳолати табаҳкориро байни сокинон ошкор кардааст.

Мастӣ ба пастӣ

Чунончӣ, ба милиса марди 63-сола  Шоғариб Чоршанбиев шикоят кардааст, ки санаи 4-уми апрели соли равон, соати 01:30-дақиқаи шаб, писараш Чоршанбиев Фируз  соли таваллудаш 1980, оиладор ва соҳиби як фарзанд, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо падар ва аҳли хонавода ҷангу ҷанҷол намуда, падари худро мавриди лату кӯб қарор додааст. 

Занони Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Муборизаи модарони Бадахшон бар зидди ҷинояткорӣ ва шаробнӯшӣ

Як бор ҷасти малахак

Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ шаҳрванд Ҳайдарбеков Фармонбек Мамадбекович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хоруғ, барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани кофтукови дохили хонаи истиқоматӣ аз даруни шифти хонааш 2 адад гугирдқуттӣ, ки дар дохилашон маводи хамираи ҷигариранг ва як адад селофани полиэтиленӣ, ки дар дохилаш маводи монанд ба маводи нашъадор буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар ВМКБ маводҳои дарёф кардашуда, маводи навъи "афюн" дар ҳаҷми 20 грамм ва маводи "ҳашиш" дар вазни 70 граммро ташкил медиҳанд. 

Уничтожение крупной партии наркотиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Муъминобод ронандаи "Мерседес" бо 24 кг маводи нашъаовар боздошт шуд

Ошкор шудани дузӣ

Санаи 2-юми апрели соли ҷорӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ шаҳрванд Давлатёров Давлатёр Бахтиёрович, соли таваллудаш 6 ноябри соли 1973, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуда, ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ оварда шуд. 

Зимни пурсиш аз тарафи кормандони милитсия маълум гардид, ки номбурда ҳангоми баромадан аз ошхонаи "Угалок", воқеъ дар шаҳри Хоруғ аз кисаи сумкаи рангаш сиёҳ, ки ба шаҳрванд Алибекова Ҳанифа Амирбековна тааллуқ доштааст, маблағи 180-сомониро дуздида, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. 

Ҳодисаҳои мазкур тафтиш мешаванд ва санҷиш дар ШВКД шаҳри Хоруғ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0