ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Музейи адабии Садриддин Айнӣ дар Душанбе таҷдиду тармим мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 140 солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт таъмиру таҷдид мегардад, гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ соли 1978 бунёд гардида, устод Айнӣ се соли охири ҳаёти худро дар ҳамин манзил гузаронидааст.
Бино бар иттилои манбаъ, тадбири мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни устод Садриддин Айнӣ дар ҷодаи илму адабиёти тоҷик амалӣ мегардад. Бо мақсади ҳифзи намои аслиаш ҳангоми корҳои таъмирӣ дар осорхона, аз лиҳози меъморӣ тағйирот ворид карда намешавад.
Танҳо дар даромадгоҳи осорхона нимпайкараи Садриддин Айнӣ бунёд гардида, корҳои таъмирӣ, аз қабили иваз намудани сафолакҳои саҳни ҳавлии осорхона ба сангҳои ороишӣ, панҷараҳо, таъмири системаи обёрикунндаи ҳудуди иншоот, шинонидани гулу дарахтони ороишӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ бо ҷалби мутахассисон идома дорад.
Дар нақша аст, ки то таҷлили ҷашни Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ осорхонаи мазкур ҳамчун тӯҳфаи арзишманд, бо намои диққатҷалбкунанда мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ёдрас мешавем, Тоҷикистон моҳи апрел 140-солагии Садриддин Айниро ҷашн мегирад.