ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Изҳороти паҳнкардаи шурои бузургсолони Афғонистон, ки гӯё толибони маҷрӯҳро дар Тоҷикистон табобат мекунанд, дуруғ ва иғво аст, мегӯяд намояндаи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев.
"Изҳороти намояндаи Луи Ҷирга (шурои пиронсолони Афғонистон) дар бораи он, ки гӯё дар Тоҷикистон толибони маҷрӯҳро табобат мекунанд, дурӯғи рӯирост ва иғво аст",- гуфтааст сухангӯи сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхӯҷаев.
Тавре вай афзудааст, ҳаракати "Толибон" бо Тоҷикистон иртиботе надорад. Аммо вақтҳои охир дар расонаҳо зуд-зуд ба ҳамин монанд хабарҳо пайдо мешаванд, ки мақсад аз он тира кардани вазъият аст.
Ба гуфтаи вай, вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон босубот буда, марз таҳти назорати марзбонони тоҷик аст, ки аз ҳаркатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ мекунанд.
Ёдрас мешавем, пештар намояндаи Шурои пиронсолони Афғонистон дар дар мусоҳиба бо яке аз телевизионҳои кишвараш эълом дошт, ки толибони маҷрӯҳро дар Тоҷикистон табобат мекунанд. Ба суоли он, ки вай ин маълумотҳоро аз куҷо пайдо кардааст, намояндаи Ҷиргӣ посух дод, ки ба вай дар ин бора ҷавонони маҳаллӣ бо телефон хабар доданд.