Пирӯзии варзишкори тоҷик дар Гран-прии куштӣ дар Бишкек

© © Ксения ТолканеваТаджикский спортсмен выиграл серебро на крупном турнире серии Гран-при по борьбе на поясах в Кыргызстане
Таджикский спортсмен выиграл серебро на крупном турнире серии Гран-при по борьбе на поясах в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори тоҷик дар сабқати бузурги Гран-прии куштӣ дар Қирғизистон медали нуқра ба даст овард

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Бишкек сабқати бузурги байналмилалии Гран-прии куштӣ доир шуд. Сабқат барои гиромидошти хотири варзишкори номӣ Баёмон Эркинбоев ташкил гардид, ки дар он варзишкори тоҷик низ иштирок дошт.

Дар мусобиқа бештар аз 75 варзишкор аз кишварҳои гуногун буданд. Дар он ба ғайр аз паҳлавонҳои қирғиз, ҳамчунин варзишгарон аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Молодва, Булғория, Литва, Нидерландия, Арманистон, Украина, Белорус, Гурҷистон ва Манголия зӯрозмоӣ карданд. Барои варзишкорон ҳамагӣ 12 ҷоиза омода гардида буд.

Дар  вазнии 90 кг медали нуқраро варзишкори тоҷик Анӯшервон Хаврузода ба даст овард. Дар ин вазн Чингизх Чалабоев аз Қирғизистон ҷойи аввал ва ҷойи севумро Сафармурод ӯғли Нурмамат — варзишкори қирғиз ва Лиша Зурабина аз Гуҷистон соҳиб шуданд.

Тавре раиси  Федератсияи муборизаи миёнбанди Тоҷикистон Анвар Қосимов гуфт, ҳоло варзишкорони тоҷик ба сабқатҳои дарпешистодаи ҷаҳонӣ, ки нисбат ба соли гузашта бештаранд, омодагӣ мебинанд.

"Соли гузашта варзишкорони мо натиҷаҳои хуб нишон доданд. Сабқати асосӣ- Бозиҳои Осиё буд, ки дар Туркманистон доир карда шуд. Дар ин мусобиқа варзишкорони тоҷик 25 медал ба даст оварданд, ки 5  нуқра ва 20 биринҷӣ буданд. Дар пеш моро давраи бобарори варзиш интизор аст. Нақша дорем, ки баробари қаҳрамониҳои ҷумҳуриявии куштии озод ва миллӣ сабқатҳои байналмилалӣ баргузор кунем. Аз ҷумла, нақша дорем, ки Ҷоми ҷаҳони куштӣ ташкил кунем",- гуфт Қосимов.

Варзишкорони тоҷик нақша доранд, ки дар Бозиҳои Осиё дар Индонезия ва қаҳрамониҳои Осиёву ҷаҳон иштирок кунанд.

Лентаи хабарҳо
0